МАКОНИ ИЛМУ ИРФОНӢ, ДУШАНБЕ!

Имсол пойтахти азизи мо –шаҳри Душанбе 100-сола мешавад. Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада, молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзгор мехариданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо мавҷуд будаанд. Мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд. Аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта шуд. Душанбе рӯз ба рӯз тараққӣ карда, ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубаддал гашт. Барои пешрафт ва тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу роҳҳои ҳавоӣ лозим буд. Мардуми заҳматкаши Душанбе, ноҳияҳои гирду атроф ва халқҳои бародар дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳрро обод карданд. Душанбе дар давоми 70 соли мавҷудияти Ҳукумати Шуравӣ аз як деҳаҳои хурди назарногир ба як шаҳри азиму зебои саноатӣ табдил ёфт. Заводу фабрикаҳо, комбинату иншооти гуногун қомат афрохтанд. Марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, мактабҳои олӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мактабҳои нави замонавӣ… бунёд гардиданд.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри Душанбеи азизи мо аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам, дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматҳои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоротар гардониданд. Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати мустақил шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фарҳангӣ ва мақомоти давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Аз он ифтихор мекунем, ки Душанбе шаҳри Сулҳ эълон гардидааст. Вақте ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои шаҳр қадам мегузорем, гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаву қасрҳои фарҳангӣ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, боғҳои гулбасар ва монанди ин, ки ба ҳусни пойтахти азизамон ҳусни дучанд зам менамоянд. Бинобар ин, ҳар як сокини пойтахт ва умуман, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамонро зарур аст, ки ба қадри ободкориҳо бирасанд ва дар шукуфоии кишвари азизамон ҳамвора талош намоянд.
Гулистон ЗОКИРОВА,
омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Варзоб